Дурнамо
Мақсади дурнамои мо тарбияи насли босавод, соҳибмаърифат ва ватандӯст мебошад. Дар шароити муосир вазифаи асосии мактаб омода намудани хонандагон ба зиндагии мустақилона ва фаъолияти самаранок дар ҷомеа мебошад. Мактаб бояд на танҳо дониш диҳад, балки шахсияти хонандаро ҳамаҷониба инкишоф диҳад. Ҳамзамон, тарбияи ахлоқӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ низ ҷойгоҳи муҳим дорад. Бо ин мақсад бунёди биноҳои нав дар таълимгоҳ ва ташаккули муҳити солиму дӯстона, ки ҳар як хонанда худро дар муҳити қадрдонӣ ва дастгирӣ эҳсос намояд, дар нақшаи дурнамои мо мақоми хоса дорад.
Инфрасохтор ва дурнамои рушд
Бинои таълимии №2
Бинои таълимии №2 андозааш 15,4 × 45,4 метр буда, аз таҳхона ва 3 ошёна иборат мебошад. Корҳои сохтмону васлкунӣ пурра ба анҷом расонида шудаанд. Айни ҳол корҳои пардозкунӣ ва кашидани хатҳои муҳандисӣ идома доранд. Тибқи нақша, бино то оғози соли таҳсили 20…
Бинои таълимии №3
Дар МТҒ «Мактаби П. Пӯлотов»-и шаҳри Хуҷанд дар оянда сохтмони бинои таълимии №3 ба нақша гирифта шудааст. Ин бино аз таҳхона ва 3 ошёна иборат хоҳад буд. Ҳамчунин дар доираи ин лоиҳа сохтмони иншоотҳои зерин пешбинӣ шудааст: толори варзишӣ бо ҳавзи шинова…