Муҳим: Қабули хонандагон барои соли таҳсили 2026–2027
Аз таърихи муассиса
Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Мактаби П.Пӯлотов» моҳи сентябри соли 1996 дар асоси Қарори Ҳукумати шаҳри Хуҷанд ва дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати вилояти Суғд ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонун «Дар бораи маориф» дар шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси профессор Пӯлот Атаевич Пӯлотов ташкил ёфт. Мақсад ва вазифаҳои асосии мактаб иҷроиши Стандарти давлатии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарбия намудани толибилмони соҳибистеъдод ва баланд бардоштани савияи дониши насли наврас, тарбия намудани ҳисси меҳнатдӯстӣ, зебопарастӣ, таҳаммулпазирӣ, муҳаббат ба Ватан, эҳтироми ҳуқуқ ва озодии инсон мебошад. Мактаби мазкур аввалин таълимгоҳи хусусӣ дар ҷумҳурӣ буда, бо талаботи падару модарон ба системаи таълим фанҳои нави замонавӣ дохил гардид. Таҳсил дар мактаб санаи 12-уми сентябри соли 1996 оғоз ёфт. Соли аввал дар мактаб ҳамагӣ 21 нафар кормандон фаъолият бурда, миқдори толибилмон 78 нафар буданд. Дар соли 1997 аввалин хатмкунандагон, ки 29 нафарро ташкил медоданд, мактабро бомуваффақият хатм намуда, унвони донишҷӯиро сарфароз гардиданд. Муассисаи таълимиро то ин ҷониб зиёдa aз 700 нафар толибилмон хатм намуда, дар соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон ва хориҷи кишвар кору фаъолият мебаранд. Ҳоло як қатор хатмкунандагони мo таҳсили худро дар донишгоҳу донишкадаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ идома дода истодаанд. Соли 2012 толори варзишии барҳавою замонавӣ сохта ба истифода дода шуд. Бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нави Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Мактаби П. Пӯлотов» барои 600 нафар хонанда бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфт, ки боиси хурсандии аҳли ҷомеаи меҳнатӣ ва хонандагон гардид.