Созмони хонандагон
Созмони хонандагони муассисаи таълимии ғайридавлатии «Мактаби П. Пӯлотов» фаъолияти кори худро дар асоси қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.02.1999, №215 бо мақсади худтарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, эҷодкорӣ, рақобатпазирӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйироти гуногун, ташаккул ва рушди салоҳиятҳои иртиботӣ, ҳамкорӣ, ҳалли мушкилот, омӯзиши идомадор, эҳтироми таърих ва фарҳанги миллӣ ва башарӣ, арҷгузорӣ ва ҳифзи арзишҳои истиқлолияти давлатӣ ба роҳ мондааст.
Созмони хонандагони муассисаи таълимии ғайридавлатии «Мактаби П. Пӯлотов» ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ таҳти шиори «Дониш талабу бузургӣ омӯз!» фаъолият мебарад.
Хонандагони синфҳои 1–4, ки 405 нафарро ташкил медиҳанд, аъзои зинаи «Ахтарон» мебошанд.
381 нафар хонандагони синфҳои 5–9 аъзои зинаи «Ворисони Сомониён» буда, ба зинаи «Сомониён» 120 нафар хонандагони синфҳои 10–11 аъзо мебошанд.
Фаъолияти Созмон дар муассиса тавассути таъсиси гурӯҳ, зина, даста, шӯрои дастаи муассисаи таълимӣ ва маҷлиси умумӣ сурат мегирад. Гурӯҳҳо дар ҳар як синф ба таври алоҳида, дар сурати мавҷудияти аз 3 то 12 аъзо ташкил карда мешаванд. Ба гурӯҳ сардор, ки аз байни аъзои он интихоб мегардад, роҳбарӣ мекунад.
Гурӯҳ ҳуқуқ дорад вобаста ба шавқу завқи аъзои худ ва бо мақсади самаранок гардонидани фаъолият самти муайяни корро интихоб намояд. Гурӯҳ барои муаррифӣ ва тарғиби фаъолияти худ гӯшаи синфӣ ва шиори худро дорад.
Зинаи «Ахтарон» аз рӯи 5 самт фаъолият мебарад:
• «Тоҷикистон — кишвари азизи ман»
• «Дониш талабу бузургӣ омӯз!»
• «Дар олами зебоӣ»
• «Чусту чолокем, нотарсу тавоноем»
• «Тарбияи меҳнатӣ»
Зинаи «Ворисони Сомониён» зинаи дуюми Созмон буда, хонандагони синфҳои 5–9-ро фаро мегирад. Узвият ба ин зина тавассути пешниҳоди аризаи хонанда сурат мегирад.
Дар ин зина сардорони гурӯҳҳо шӯрои зинаи «Ворисони Сомониён»-ро таъсис дода, аз ҳисоби худ раис ва комиссияҳоро интихоб менамоянд. Вазифаи асосии ин зина кор бо хонандагони хурдсол ва иҷрои талаботи Оиннома ва Низомномаи Созмон мебошад.
Зинаҳои «Ворисони Сомониён» ва «Сомониён» аз рӯи самтҳои зерин фаъолият мебаранд:
• «Тоҷикистон — кишвари азизи ман»
• «Дониш талабу бузургӣ омӯз!»
• «Дар олами зебоӣ»
• «Чусту чолокем, нотарсу тавоноем»
• «Тарбияи меҳнатӣ»
• «Сулҳ ва ваҳдат»
• «Дар олами наботот»
• «Ғамхорӣ ва шафқат»
Зинаи «Сомониён» зинаи ниҳоии Созмон буда, хонандагони синфҳои 10–11-ро фаро мегирад. Аъзои фаъоли зинаи «Ворисони Сомониён» ба зинаи «Сомониён» қабул карда мешаванд.
Ин зина аъзоро ба интихоби бошууронаи касб, омодагӣ барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ, шомил гардидан ба иттифоқҳои ҷавонон ва дигар созмонҳои ҷамъиятӣ, инчунин ба ҳаёти мустақил роҳнамоӣ мекунад.
Дар муассиса даста ва шӯрои дастаи Созмони хонандагон таъсис дода шудааст. Фаъолияти даста аз ҷониби Шӯро назорат ва идора карда мешавад. Шӯро аз раиси даста, муовини раиси даста (масъули зинаи «Ахтарон», раиси зинаи «Ворисони Сомониён», раиси зинаи «Сомониён») ва котиб иборат аст.
Раиси Шӯрои дастаи муассиса бо роҳбари Созмони хонандагон ҳамкорӣ менамояд.
Намунаи фаъолият:
1. Қабули хонандагони фаъол ба зинаи «Ворисони Сомониён».
2. Гузаронидани шанбегӣ аз тарафи аъзоёни самти «Тарбияи меҳнатӣ».
3. Аёдати пиронсолон аз тарафи аъзоёни самти «Ғамхорӣ ва шафқат».
4. Иштироки аъзоёни самти «Сулҳ ва ваҳдат» дар чорабиниҳои шаҳрӣ бахшида ба Рӯзи Ғалаба.
Ҳайати созмон
Каримова Робия
Раиси самти "Сулҳ ва Ваҳдат"
Назарова Ситора
Раиси самти "Тоҷикистон - кишвари азизи ман"
Довудзода Наимҷон
Раиси самти "Дар оламми зебоӣ"
Атаева Фарахноз
Раиси самти "Дониш талабу бузурги омӯз"
Таирова Меҳрона
Раиси самти "Ғамхорӣ ва шавкат"
Зокиров Раҳим
Раиси самти "Чусту чолокем, нотарсу тавонем"
Баротова Азиза
Раиси самти "Дар олами наботот"