call +992 3422 64261 / +992 3422 53500
language Тоҷикӣ expand_more
lock Вуруд
Асосӣ chevron_right Бинои таълимии №2

Бинои таълимии №2

Бинои таълимии №2 андозааш 15,4 × 45,4 метр буда, аз таҳхона ва 3 ошёна иборат мебошад. Корҳои сохтмону васлкунӣ пурра ба анҷом расонида шудаанд.
Айни ҳол корҳои пардозкунӣ ва кашидани хатҳои муҳандисӣ идома доранд. Тибқи нақша, бино то оғози соли таҳсили 2026–2027 ба истифода дода мешавад.
Бо дарназардошти рушди илму технологияҳои муосир, дар бинои №2 маҳфилҳои таълимӣ аз рӯи самтҳои зерин ташкил карда мешаванд:
• ҳавопаймоҳои бесарнишин (дронҳо),
• интеллекти сунъӣ,
• роботсозӣ.
Ин имконият медиҳад, ки хонандагон технологияҳои замонавиро аз худ намуда, малакаҳои амалӣ касб кунанд ва ба касбҳои оянда омода шаванд.
Дар бинои мазкур иншоот ва утоқҳои зерин пешбинӣ шудаанд:
• синфхонаҳои интеллекти сунъӣ ва роботсозӣ,
• синфхона барои идоракунии ҳавопаймоҳои бесарнишин,
• синфхона барои тайёрии ибтидоии ҳарбӣ,
• студияҳои мусиқӣ ва рассомӣ,
• толори варзишӣ барои гимнастика,
• кабинетҳои фаннӣ,
• ошхона,
• утоқҳои либосивазкунӣ,
• роҳравҳо,
• ҳоҷатхонаҳо.
Ҳамаи синфхонаҳо ва роҳравҳо бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд, аз ҷумла:
• камераҳои назоратӣ,
• тахтаҳои электронӣ,
• интернети баландсуръат,
• шабакаи Wi-Fi дар роҳравҳо,
• тугмачаҳои зиддисӯхтор.