call +992 3422 64261 / +992 3422 53500
language Тоҷикӣ expand_more
lock Вуруд

Рамзи Истиқлолият ва дониш: бинои нави мактаб ифтитоҳ шуд

calendar_today 30 сентябр 2026
visibility 1
category Чорабиниҳо

31 август, Хуҷанд – ин рӯз ҳамчун яке аз рӯзҳои аз ҳама хотирмон дар таърихи мактаб ворид шуд.

Ба шарафи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии МТҒ «Мактаби П. Пӯлотов» бинои нави муосири таълимӣ ба истифода дода шуд.

Ҳуқуқи ифтитоҳи бинои нав ба Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дода шуд.

Раиси вилоят дар сухани табрикотии худ қайд намуд, ки бунёди мактабҳои замонавӣ ва фароҳам овардани шароити арзанда барои насли наврас самти афзалиятноки сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Лентаи рамзиро Раиси вилоят ва муассиси мактаб Пӯлотов Пӯлот Атаевич буриданд. Баъдан барои меҳмонон шиносоӣ бо синфхонаҳо ташкил карда шуд.

Дар бинои нав тамоми шароит фароҳам оварда шудааст:

синфхонаҳои барҳавои бо мизу курсиҳои нав ва тахтаҳои интерактивӣ муҷаҳҳаз;
толори варзишии барҳаво;
ошхонаи замонавӣ барои 120 ҷойи нишаст;
кабинетҳои меҳнат, информатика, суруд ва мусиқӣ, биология, санъати тасвирӣ;
низоми гармидиҳӣ, назорати видеоӣ ва ҳудуди ободшуда бо майдончаи варзишӣ.

Бино бо назардошти тамоми меъёрҳои зилзила тобоварӣ ва талаботи бехатарӣ сохта шудааст. Барои кӯдакон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст — аз ҳоҷатхонаҳои гарм дар дохили бино то долонҳои васеъ ва пандусҳо.

МТҒ «Мактаби П. Пӯлотов» бори дигар мақоми яке аз беҳтарин мактабҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон будани худро тасдиқ намуд!

Галерея